Бонки Ҷаҳонӣ: муҳоҷирони корӣ дар соли 2018 дар интиқоли маблағ рекорд заданд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкПункт по денежным переводам, архивное фото
Пункт по денежным переводам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ дар соли гузашта 689 миллиард долларо ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Дар соли 2018 муҳоҷирони корӣ аз тамоми кишварҳои ҷаҳон дар интиқоли маблағ ба кишварҳои худ рекорд заданд, омадааст дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ.

Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ маълумот додааст, ки дар соли 2017 ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон 529 миллиард долларро ташкил дода буд. Маблағҳои мазкур ба кишварҳое фиристода шудааст, ки даромада миёна ё кам доранд.

Асъори пулӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон кам шудааст...

Дар соли гузашта ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳо аз тарафи муҳоҷирони корӣ 689 миллиард долларро ташкил додааст.

Инчунин, дар гузориши Бонк таъкид карда шудааст, ки Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аз барқароршавии иқтисоди Русия фоида ба даст овардаанд.

Ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳо аз Русия 35-37 дарсади ММД-и Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар панҷ соли ахир муҳоҷирони кории тоҷик танҳо тариқи бонкҳо ба Тоҷикистон беш аз 15 миддиард доллар интиқол доданд. Ин рақам се баробар аз сармояҳое, ки Тоҷикистон дар ҳамин давра ба кишвар ҷалб намудааст, зиёд будааст.

Дар семоҳаи сеюми соли 2018 шахсони векъӣ аз Русия ба Тоҷикистон 253,8 миллион доллар интиқол доданд.

Интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории Узбакистон то соли 2021 метавонад 1,5 баробар афзоиш ёфта ба 7,2 миллиард доллар расад.

Тибқи ҳисоби мутахассисон, дар оянда рушди интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз ҳисоби рушди ҳиссаи муҳоҷирати муташакил таъмин хоҳад шуд.    

Лентаи хабарҳо
0