Соҳибкор мехост ба Тоҷикистон 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат ворид намояд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкПрилавок с мясом птицы, архивное фото
Прилавок с мясом птицы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонсии “Тоҷикстандарт” хабар додааст, кормандонаш дар ҳамкори бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз воридоти 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат пешгирӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Ожонсии “Тоҷикстандарт”, соҳибкори  ватанӣ тасмим доштааст  аз хориҷа ба қаламрави гумрукии Тоҷикистон беш аз 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат ворид намояд, аммо  аз ҷониби Ожонсии “Тоҷикстандарт” дар доираи ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон тибқи низоми “Реэкспорт” аз қаламрави ҷумҳурӣ  хориҷ карда  шуд.

Вывеска на здании Таджикстандарт. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷикстандарт”: нушокиҳои спиртии пастсифат бештар дар ВМКБ ошкор шудааст

“Тоҷикстандарт”  таъкид намудааст, ки мутахассисонаш зимни  гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ дар озмоишгоҳи Ожонсӣ намунаи гӯшти мурғи воридотиро ташхис намуданд.

“Дар натиҷа он пастсифат баромада,  ба талаботи Регламенти техникии Тоҷикистон  “Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ” ҷавобгӯ набуд”, - қайд намудааст манбаъ.

Дар ин росто, бо сабаби дар Тоҷикистон таъйиноти мушаххаси истеъмолӣ надоштани маҳсулоти пешниҳодгашта ва ба талаботи Регламенти техникии Тоҷикистон “Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” мутобиқ набудан ба мақсулоти мазкур сертификати мутобиқат дода нашуд ва аз қаламрави гумрукии мамлакат бароварда шуд.

Инчунин зикр намудааст, ки воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – Регламентҳои техникии Тоҷикистон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, дар ин самт мунтазам аз ҷониби мутахассисони Ожонсӣ бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.

Продажа яиц на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷикстандарт”: хабари манъи воридоти тухми мурғ ва маҳсулоти қаннодӣ овоза мебошад

“Тоҷикстандарт” таъкид намудааст, ки мутахассисонаш дар соли равон ду маротиба бо соҳибкорон — воридкунандагони маҳсулоти гӯштӣ ва қаннодӣ мулоқот баргузор карданд ва ба онҳо огаҳӣ дода буданд, ки маҳсулоти пастсифат ворид накунанд.

“Аммо новобаста аз ин ҳоло ҳам аз ҷониби соҳибкорон ҳолатҳои ворид намудани маҳсулоти пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта мешаванд. Воридоти беш аз 219 тонна гӯшти мурғи пастсифат аз хориҷи кишвар  шаҳодати  ин гуфтаҳост”,- гуфт манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0