03:20 11 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Оқохони 4 дар марз бо Афғонистон, акс аз бойгонӣ

Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз созишномаи нав бо Бунёди Оқохон ва супориш ба Худоёрзода

AKDN
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
375910

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат аз лоиҳаи созишномаи нав бо Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Тибқи қарори имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат аз лоиҳаи созишномаи нав бо Бунёди Оқохон барои сохтмони пули нави пайвандгари Тоҷикистону Афғонистон ҷонибдорӣ намуд.

Раисиҷумҳур Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки созишномаи мазкурро имзо намояд.

Бар асоси созиш пули нав бо роҳҳои мошингарди пайвастшаванда ба он дар қисмати Кокул миёни ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ва ноҳияи Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистон бунёд мегардад.  Ин пул аз ҷониби Бунёди Оқохон бо дастгирии шарикони рушд ва барномаи ҳамгироии минтақавии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон амалӣ мегардад.

То ҳол Бунёди Оқохон чандин пул миёни Тоҷикистону Афғонистон болои дарёи Панҷро бунёд намудааст.

Оқохони IV, охири соли 2018 зимни ҳамоиши байналмилалӣ дар Женева, ки бо ҳузури роҳбарони Афғонистон ва вазирони кишварҳои ҷаҳон сурат гирифт, таъкид намуд, ки сулҳи устувор дар Афғонистон ба ду омили калидӣ вобастагӣ дорад.

Ӯ гуфт, омили нахуст ҳамкории минтақавӣ, ки калиди рушди миллӣ ва субот мебошад ва дуюм садоқат ба плюаризм ҳаст. Ба ақидаи Оқохони IV гуногунӣ дар Афғонистон бояд ҳамчун сарчашмаи нерую тавонмандӣ пазируфта шавад.

Мавзӯъҳои асосӣ