04:44 26 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.50
  • RUB0.15
Кормандони мақомот, акс аз бойгонӣ

Ҷустуҷӯи байналмилалии сарбозони тоҷик

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
741 0 0

Мақомоти марзбонии Русия дар шаҳри Озинкии вилояти Саратов як ҷавони 23-солаи тоҷикро боздошт кардаанд, ки барои фирор аз хизмат дар ҷустуҷӯ қарор доштааст

ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Тавре расонаҳои Саратов аз қавли мақомоти марзбонии минтақа хабар додаанд, ҷавони боздоштшуда бо иттиҳоми нақзи моддаи 375, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – фирори худсарона аз қисми ҳарбӣ дар ҷустуҷӯи байналмилаллӣ қарор доштааст.

Манбаъ афзуд, ки боздоштшуда барои анҷоми расмиёти истирдод ба ихтиёри мақомоти умури дохилӣ супорида шуд.

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи низомии Душанбе ахиран сарбоз Ғоибназар Сулаймонзодаро, ки аз хизмати ҳарбӣ ба Маскав фирор карда буд, ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард

Тавре Додгоҳи низомӣ 9-уми апрел иттилоъ дод, Ғоибназар Сулаймонзода 9-уми октябри соли 2012 аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод ба хизмати ҳарбӣ даъват гардид. Ӯ ба қисми ҳарбии қушунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ сафарбар гардида, аз 25-уми декабри соли 2012 ба вазифаи командири отделенияи ротаи комендантӣ таъин карда шудааст.

Манбаъ афзуд, ки Сулаймонзода 26-уми январи соли 2013 барои як шабонарӯз мурахассӣ гирифта,  ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Маскав фирор намудааст.

Додгоҳи низомии Душанбе таъкид кард, ки Сулаймонзода аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш 5 солу 8 моҳу 12 шабонарӯз дур мондааст. Манбаъ илова намуд, ки сарбози фирорӣ 19-уми марти соли 2018 аз ҷониби кормандони милиса дастгир шуда, 8-уми октябри соли 2018 ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Додгоҳ Сулаймонзода Ғоибназари Мирзосалимро бар асоси моддаи 375 қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Ҷустуҷӯи байналмилалии сарбозони фирории тоҷик дар ҳолест, ки феъан дар Тоҷикистон даъвати баҳории наваскарон идома дорад ва бархе шаҳрвандон аз ҳолатҳои ҷалби ғайриқонунӣ – “облава” шикоят доранд.  

Мавзӯъҳои асосӣ