06:35 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Рустам Эмомали

Баъди даъвои Рустам Эмомалӣ: ВУД аз боздошти мудири "Сохтмони манзили дастрас" хабар дод

© Сайт мэра города Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2290 0 0

Бо собиқ директори "Сохтмони манзили дастрас", мудири ҶДММ "Диёрсоз"-ро низ дастгир карданд, ки ҳарду ба қаллобӣ муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти собиқ мудири Корхонаи воҳиди давлатии "Сохтмони манзили дастрас" хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, ӯ феълан ҳамроҳи мудири як ширкати дигар - "Диёрсоз" ба қаллобӣ муттаҳам мешавад.

"Аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини шаҳри Душанбе, собиқ директори КВД "Сохтмони манзили дастрас" ва  директори ҶДММ "Диёрсоз", марди 41-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев дастгир карда шуданд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, мудири "Сохтмони манзили дастрас" моҳи январи соли 2018 бо мудири "Диёрсоз" бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 310080-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. 

Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки моҳи августи соли гузашта раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ роҳбарияти ширкати сохтмонии  "Манзили дастрас" — ро ба додситонӣ дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳр навишта буд, ин қазия бо далели сӯиистифода шудани маблағи мизоҷон аз ҷониби роҳбарияти ширкат ба додситонӣ кашида шуд.

"Таҳлили муқоисавии фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии "Сохтмони манзили дастрас" муайян намуд, ки роҳбарияти корхона аз шаҳрвандон маблағи пулӣ қабул намуда, онро ба хазинаи корхона ворид накардааст", — тавзеҳ медод манбаъ.

Шаҳрдори Душанбе дустур дод, ки додсионӣ нисбати ин амали раёсати ширкат чораандешӣ кунад.

КВД "Манзили дастрас" лоиҳаи сохтмонии шаҳрдории Душанбе аст, ки бо ҷонибдории шаҳрдори вақти Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ташкил ёфта буд.

Баҳори соли 2017 пас аз шикояти сершумори мардум Ожонси мубориза бо фасод "Манзили дастрас"-ро таҳти санҷиш қарор дод.

Баҳори соли 2018 шаҳрдори Душанбе бо як қарор шӯрои нозирони ширкати "Манзили дастрас"-ро ташкил кард.

Ҳадафи аслии таъсиси шӯрои нозирони "Манзили дастрас"-ро шаҳрдор, "ҳимояи манфиат ва ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, сари вақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдшавандаи истиқоматӣ, беҳбуд бахшидан ва таъмини самаранокии фаъолият дар Корхонаи воҳиди давлатии "Сохтмони манзили дастрас" гуфта мешуд.

Мавзӯъҳои асосӣ