15:48 17 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Мотогонщик Тито Рабат падает с мотоцикла во время аварии на Гран-При Австралии

Ҳалокати мотосиклсавори ҷавон дар маркази Душанбе

© AP / Rob Griffith
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
744 0 0

Дирӯз ҳангоми ҳаракт дар роҳ мототсиклсавори 22-сола дар шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба бетони мобайни роҳ бархӯрдааст  

ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи маргбори як мототсиклсавор иттилоъ додааст.

Манбаъ афзудааст, ки рӯзи 11-уми апрели соли 2019, тахминан соати 13:10-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи "Трикер", Халилов Эркин Облобердиевич, соли таваллудаш 1997, сокини кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҷ.Расулов аз тарафи кӯчаи С.Шерозӣ ба самти кӯчаи Р.Набиев, дар рӯ ба рӯи бинои “Олами Тиб” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони мобайни роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Халилов Э.О. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад. 

Илова мекунем, ки Ulugbek Khalilov (Улуғбек Халилов) як корбари шабакаи иҷтимои дар Фейсбук ба Sputnik Тоҷикистон навиштааст, ки "бародари ман хело хуб аз уҳдаи идораи нақлиёт мебаромад. Рӯзи рух додани ин воқеа ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба ӯ дигар кас халал расонидааст ва ӯ ба аломати дар роҳ буда бар хӯрдааст. Дар натиҷа 5 ё 6 қабурғааш шикаста, шушҳояш дарида дар роҳ то ба беморхона аз хун пур шудаанд".  

Барчаспҳо:
ҳалокат, душанбе, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ