08:50 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Национальный банк Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ иҷозатномаи ҶДММ “Тоҷ-Аудит”-ро тамдид накард

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
160 0 0

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ-Аудит”-ро тамдид накард

ДУШАНБЕ, 12 апр - Sputnik. Бо қарори навбатии раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости ҶДММ “Тоҷ-Аудит” барои тамдиди муҳлати амали Иҷозатнома қонеъ карда нашуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

“Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 12 апрели соли равон, дар асоси моддаи 77 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, инчунин, бо дастрасии моддаҳои 8 ва 12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва бобҳои 9, 11 ва 19 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бо сабаби риоя нагардидани талаботи иҷозатномадиҳӣ, дархости ҶДММ “Тоҷ-Аудит” ҷиҳати тамдид кардани муҳлати амали Иҷозатнома қонеъ карда нашуд”, -таъкид намудааст манбаъ. 

Бонки миллӣ департаменти назорати бонкиро барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ вазифадор намудааст.

Барчаспҳо:
раёсат, қатъ, иҷозатнома, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ