08:41 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Абдулло Ахтамзода и министр внутренних дел РТ Рахимзода Рамазон Хамрох

Сокинони Душанбе аз вазир миннатдоранд: Раҳимзода майдончаи варзишӣ сохт

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
978 0 0

Майдончаи варзишӣ дорои 30 ҷойи нишаст, ду айвонча бо фарогири 40 ҷойи нишаст ва майдончаҳо барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ шуда, дар он барои истироҳат шаҳрвандон шароит фароҳам оварда шудааст

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабов майдончаи варзишӣ бунёд намудааст.

Сокинони ин ноҳия дар номаи дастаҷамъонае аз ин иқдоми вазир миннатдор шудаанд.

"Бо ташаббуси Шумо дар соли 2018 як майдончаи варзишӣ сохта барои истифодабарӣ ба сокинони пойтахти ҷумҳурӣ тақдим карда шуд. Мо, сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ба Шумо миннатдории хешро бобати сохта ва ба истифода додани майдончаи варзишии универсиалӣ иброз менамоем", - омадааст дар мактуби сокинон.

 Майдончаи варзишӣ дорои 30 ҷойи нишаст, ду айвонча бо фарогири 40 ҷойи нишаст ва майдончаҳо барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ шуда, дар он барои истироҳат ва болидарӯҳии мо шаҳрвандон шароити хубу созгор фароҳам оварда шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ