13:57 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Наврузовский карнавал в Нуреке

Дастури Эмомалӣ Раҳмон: номгузории кӯчае ба номи Нусратулло Махсум дар арафаи Иди Ғалаба

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1127 0 0

Се кӯча дар Нуробод бо дастури раисҷумҳур ва қарори вакилон ба номи қаҳрамонони миллати тоҷик гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар ноҳияи Нуробод се кӯчаро ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ Асадулло Ғуломов ва Абдуқаҳҳор Азизов номгузорӣ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" иттилоъ медиҳад.

Ин иқдом бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод сурат гирифтааст.

Номгузории кӯчае ба номи Нусратулло Махсум дар ҳолест, ки собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба таҷлили Иди Ғалаба омодагӣ мебинанд.

Нусратулло Махсум - яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қаҳрамони Тоҷикистон аст.

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) – соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии бекигарии Қаротегин (Аморати Бухоро) дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар оғози ҷавонӣ ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғонаи кишвари Туркистон сафар карда, чун ҳаммол кор кардааст.

Дар давраи инқилоби якуми Русия, солҳои 1905-07 Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзидааст. Соли 1920 баъди инқилоби халқӣ - демократии Бухоро ва аз тахт афтодани амири Бухоро ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шӯроӣ дар Бухорои Шарқӣ дохил мешавад. Соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХС Бухоро дар таъмини аскарони сурх ширкат карда, ҳамчунин дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе иштирок кардааст.

Сипас ба ҳайси раиси коммисиюни фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст.

1 декабри соли 1926 дар анҷумани якуми муассисони Шӯроҳҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх, Нусратулло Махсум, якдилона ба вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ – Комитети Иҷроияи Марказии ҶМШС Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1929 баъди таъсиси Ҷумхурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардида, то декабри соли 1933 дар ин вазифа кор кардааст.

Сипас ба ихтиёри КМ ВКП (б) фиристода шуда, дар академияи ба плангирии Москватаҳсил намудааст. Солҳои 1926-1930 аъзои КМ ҲК (б) Ӯзбекистон, 1930-1933 аъзои бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон, 1927-1934 аъзои КИМ ИҶШС буд. Одамони ҳамзамону ҳаммаслакони Нусратулло Махсум: Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Шириншо Шотемур, Файзулло Хочаев, Абдулло Раҳимбоев, Ашӯров Урунбой, Абдуллоев Сайфулло, Исмоилов Иброхим, Анваров Саидаҳмад, Мавлонбеков Аҳмадбек, Абдураҳим Ҳоҷибоев буданд.

Мавзӯъҳои асосӣ