15:47 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Гардишгарони хориҷӣ дар Хоруғ

"Ҳотел" даромаду беҳуш шуд: пизишкони Хоруғ гардишгари амрикоиро наҷот доданд

Аз саҳифаи сухангӯи раиси ВМКБ дар Фейсбук
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
384 0 0

Эштум Ҷейка пас аз ворид шудан ба меҳмонхона дарди шадидеро ҳис карда, аз ҳуш меравад. Ӯро дарҳол ба беморхона мерасонанд ва наҷот медиҳанд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Пизишкони беморхонаи вилоятии ВМКБ як шаҳрванди Амрико Эштум Ҷейкаро наҷот доданд, хабар медиҳад сухангӯи раиси вилояти Бадахшон Ғолиб Ниятбеков.

Бино бар иттилои манбаъ, Ҷейкаи 28-сола шаби 12 апрел вориди Хоруғ мешавад ва ҳангоми ба меҳмонхона даромадан, худро бад ҳис мекунад. Гардишгар эҳтимол аз дарди шадид дар ҳамин ҷо аз ҳуш меравад.

"Ӯро ба беморхонаи вилоятӣ интиқол  медиҳанд. Пас аз ташхис маълум мегардад, ки Эштум Ҷейка ба касалии бемории часпаки рӯдаҳо дучор гардидааст", - менависад манбаъ.

Пизишкон сайёҳро ҷарроҳӣ кардаанд. 

"Амалиёти ҷарроҳӣ як соат идома ёфта, бо муваффақият анҷом меёбад. Маҳз кӯмаки саривақтии табибон буд, ки Эштум Ҷейка айни замон  худро хуб ҳис мекунад", - тавзеҳ медиҳад сухангӯи раиси вилоят.

Гардишгари амрикоӣ феълан дар беморхона қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ