05:13 26 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.50
  • RUB0.15
Социальная сеть Фейсбук

Ҷавонони Хатлонро аз оқибатҳои "Like"-монӣ дар фейсбуку инстаграм огоҳ карданд

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
365 0 0

Дастрастарин махзани маълумот ва маводҳои зарурӣ барои татбиқи ҳадафҳои гуногун дар ҷаҳони муосир сомонаҳои иҷтимоӣ буда, ташкилотҳои террористию экстремистӣ аз он бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои гуногун истифода мебаранд

ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik.  Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон дар маркази вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва кор бо технологияи иттилоотӣ” баргузор гардид. Дар ин бора равобити умумии ин ниҳод хабар медиҳад.

Ба гузориши Кумита, дар кори семинар мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ҷавонони фаъоли вилоят ширкат намудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин семинар бо иштирокчиён барои истифодаи дурусти технологияи нав корҳои назарявӣ ва амалиявӣ гузаронида шуд.

Дар кори семинар кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон Зубайдулло Маҳмадуллоев ва Салимзода Каримҷон Ҳасан ширкат намуда, моҳияти истифода шабакаҳои иҷтимоӣ дар раванди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ва фарҳанги дурусти истифодаи технологияи иттилоотиро ба иштирокчиёни семинар омӯзониданд.

Дар рафти омӯзиш  Зинҳор Насриддинзода роҳбари Маҳфили технологони ҷавони Кумитаи кор бо ҷавонон оид ба истифодаи самаранокии шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили фейсбук, Вконтакте, инстаграм, телеграм, одноклассики, твиттер ва дигар сомонаҳои иҷтимоӣ бо иштирокчиён корҳои амалию назарявиро роҳандозӣ кард.

"Истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоиро зарур аст, ки ҳангоми истифодаи сомонаҳои иҷтимоӣ хуб огоҳ бошанд ва ба ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ шомил нашаванд, зеро гурӯҳҳои ҷудоиандозу ифротгаро бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои хеш дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ фаъолият дошта, маълумотҳои бардуруғ, аксу видеоҳои сохтаро бо мақсади зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додани фазои иттилоотӣ интишор менамоянд",-гуфтааст ӯ.

Дар ин семинар қайд шудааст, ки дастрастарин махзани маълумот ва маводҳои зарурӣ барои татбиқи ҳадафҳои гуногун дар ҷаҳони муосир-сомонаҳои иҷтимоӣ буда, мутассифона имрӯзҳо аз ҷониби гуруҳҳои гуногун ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои гуногун истифода бурда мешаванд.

"Шаҳрванди замони муосирро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи маълумот дар ҷаҳони нав бисёр бомаҳорат ва нуктасанҷ бошанд, зеро шахсони алоҳида ва ташкилотҳои гуногун низ метавонад, ки дар тарғиби маълумотҳои бардуруғу фитнаангез даст дошта бошанд".

“Like”-ҳои сархӯр: Раҳимзода дар бораи ҷазо барои лайкмониҳо дар интернет

Ахиран Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш бо рӯзноманигорон ба суол дар бораи ҷазо барои лайкмониҳо дар интернет посухи кӯтоҳе дод.

Генерал-полковник Раҳимзода изҳор дошт, ки “лайк” метавонад муҳтавои гуногун аз ҷонибдорӣ то мухолифатро фаро гирад.  Ӯ дар идома таъкид кард, ки ҷонибдорӣ ва тарғибу ташвиқи ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон бар асоси қонунгузории кишвар ҷиноят асту муҷозот дар пай дорад.

Ин дар ҳолест, ки хабарҳо дар мавриди парвандаҳо барои бознашри маводҳою изҳорот дар интернет майли афзоиш доранд.

Аз ҷумла ахиран додгоҳи вилояти Хатлон Ҳикматулло Қосимов, сокини 38-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро барои барангехтани кинаю адовати динӣ, миллӣ ва нажодӣ дар шабакаҳои интернетӣ гунаҳкор дониста, ба 4 соли зиндон маҳкум кард.

Мавзӯъҳои асосӣ