23:29 21 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото

Нозир лозим нест: "Барқи тоҷик" ба сокинон роҳи ҳисоб кардани барқи истифодашударо гуфт

CC BY-SA 3.0 / alzium
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
910 0 0

Масалан, дар сурати 19,37 дирам будани нархи 1 кВт.с нерӯи барқ миқдори кВт.с-и истифодашуда бо нархи тарифӣ, яъне 16,85 дирам, зарб ва ба сад тақсим мегардад

ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" роҳҳои ҳисоб кардани барқи истифдашударо фаҳмонида, аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳаққи барқро худашон пардохт кунанд. Дар ин ҳолат ба хизмати нозирони барқ ниёзе намемонад.

Ҳамин тавр,дар сурати 19,37 дирам будани нархи 1 кВт.с нерӯи барқ (барои аҳолӣ) миқдори кВт.с-и истифодашуда бо нархи тарифӣ, яъне 16,85 дирам, зарб ва ба сад тақсим мегардад. Масалан, дар сурати 300 кВт.с барқ истифода бурдан, ҳисоб чунин мешавад: 300 кВт.соат зарби 19,37 дирам, ки ба 5811 дирам баробар мешавад. 5811 дирамро ба 100 тақсим мекунем ва натиҷа 58 сомониву 11 дирам мешавад.

"Маблағи истифодаи барқро то санаи 15-уми ҳар моҳ, тавассути нуқтаҳои "Амонатбонк", пардохт намоед. Ин амал баҳсу якдигарнофаҳмиҳоро пурра аз байн мебардорад. Ҳар муштарӣ метавонад, ки бе иштироки назоратчӣ, худаш варақаи пардохтро пур карда, тавассути нуқтаҳои "Амонатбонк" маблағи барқро пардохт намояд. Ҳуҷҷати пардохтро нигоҳ доред", - тавзеҳ медиҳад ширкат.

Дар ҳамин ҳол, "Барқи тоҷик" изҳор доштааст, ки барои пешгирии исрофи беҳуда ва ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ дар сатҳи баландатарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас пешбинӣ шудааст.

"Мутобиқи супориши банди 20-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2019, № 2 як қатор ниҳодҳои муҳими ҳукуматӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, дигар вазорату идораҳо ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур гирифтанд, ки муроҷиат ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ оид ба истифодаи сарфаю сариштакоронаи сарфаи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи барқро ба таври судманд ва оммафаҳм ба роҳ монанд", - афзудааст ширкат.

Ба низоми энергетики кишвар дастур дода шудааст, ки интиқоли барқро ба ташкилоту корхонаҳои қарздор қатъ намоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ