01:43 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Московский Кремль и Москва-река, архивное фото

Ҳайати Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон ба Маскав сафар кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
151 0 0

Ҳайати намояндагии Тоҷикистон субҳи имрӯз барои иштирокд дар Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон, ки аз 16 то 17 апрели соли равон дар шаҳри Маскави Русия баргузор мегардад, ба Маскав сафар карданд

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, субҳи имрӯз ҳайати намояндагии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба пойтахти Русия сафар кард.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҳайати Кумита барои иштирок дар Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон таҳти унвони “Роҳҳои умумӣ барои иқтисодиёти оянда” сафар намудаааст.

Форуми ҷавонони Русияву Тоҷикистон аз 16 то 17 апрели соли равон дар шаҳри Маскав дар доираи баргузории 7 –умин конференсияи ҳамкории минтақавии Русияву Тоҷикистон бо доираи васеи ҷавонони Русияву Тоҷикистон баргузор мегардад.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар доираи Форум масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолияти соҳибкории ҳарду кишвар ва рушди соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ҳамзамон, қарор аст, дар доираи Форум созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Русия ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Россия ба имзо расад. 

Барчаспҳо:
ҷавонон, ҳамоиш, Форум, Маскав, сафар, ҳайати ҳукумат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ