20:37 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Спецприемник для нелегальных мигрантов. Архивное фото

Ба қайдгирии 9 ҳолати ҳуқуқвайронкунии хориҷиён дар вилояти Хатлон

© Sputnik / Игорь Агеенко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
96 0 0

Дар  доираи амалиёти махсуси “Нелегал-2019” дар вилояти Хатлон 9 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шуд

ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон марҳилаи якуми амалиёти “Нелегал-2019”-ро ба анҷом расонид, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки марҳилаи якуми амалиёт  рӯзҳои 9-12-уми апрели соли равон идома ёфта, дар доираи амалиёти махсуси “Нелегал-2019” дар вилояти Хатлон  9 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шуд.

Чорабиниҳо бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди вилоят аз тарафи кормандони Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди вилоят амалӣ гардиданд.

Бояд зикр кард, ки мақсади асосӣ аз гузаронидани амалиёти муштарак таъмину сулҳу субот дар кишвар ва амнияту осоиштагии мардум, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии “Нелегал — 2019” дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии “Нелегал” имсол дар се марҳила гузаронида мешавад.

Барчаспҳо:
хориҷӣ, қонуншиканӣ, поёни маъмурияти низомӣ, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ