09:59 24 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Ливень и штормовой ветер в Москве

Борон, жола ва раъду барқ: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Владимир Астапкович
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
236 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок шуда, борон мебораду раъду барқ ба амал меояд

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Ба иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрноку бебориш мешавад. Танҳо  дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 ва  рӯзона 15-20  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, борон меборад.  Дар баъзе ноҳияҳо шиддати борон дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8,  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва  рӯзона 15-20 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10   ва  рӯзона  10-15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17  ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  9-14   ва   рӯзона 11-16 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон пуршиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ дар назар аст. 

Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-16  ва рўзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11  ва  рўзона 12-17  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе мавридҳо борон шиддат гирифта, раъду барқ ба амал меояд.  Бод аз сӯи ғарб бо  суръати 3-8  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13  ва рӯзона  17-19  дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ