Рамазон Раҳимзода бо Чэн Гуопин мулоқот намуд 

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкории якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи таҷриба, иттилоот, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва расонидани кумаки техникӣ мавриди баррасӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо Комиссари махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои бехатарии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чэн Гуопин баргузор гардид, иттилоъ додааст агентии “Хловар”.

Манбаъ афзудааст, ки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Чэн Гуопинро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ хайра мақдам гуфта, чунин изҳор дошт: “Боварии комил дорам, ки Шумо бо таҷрибаи ғании худ дар мубориза бар зидди терроризм саҳми худро дар кори муштарак ба муқобили хатару таҳдидҳои замони муосир мегузоред”.

Рамазон Раҳимзода дар Норак - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода ба Норак рафт

Зикр гардид, ки сол аз сол ҳамкории дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул меёбанд. Ин ҳамкории мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкории якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи таҷриба, иттилоот, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва расонидани кумаки техникӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Комиссари махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои бехатарии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чэн Гуопин зикр кард, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти номатлуб қарор дорад ва  ҷониби Чин дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкорӣ намуда, кумаки худро хоҳад расонид.

Ба иттилои манбаъ, дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкории манфиатбахш изҳори хушнудӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0