16:51 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Арест, архивное фото

Ахбори ВУД аз воридшавии гурӯҳи кисабурон ба Суғд ва боздошти онҳо

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
198 0 0

Айни ҳол тафтишот ду ҳолати кисабурӣ дар молбозорҳои шаҳри Исфараро бо далелҳо ба ин иттифоқ нисбат медиҳад, ки давоми моҳи март анҷом додаанд.

ДУШАНБЕ, 17 апр - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду кисабур дар шаҳри Исфара хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, баъди гирифтани ахбороти оперативӣ дар хусуси ворид шудани гурӯҳи ҷавонони кисабур ба минтақаи Суғд ба кормандони мақомоти милитсия муяссар шуд, ки дараки онҳоро дар ҳудуди шаҳри Исфара биёбанд.

"Пайгириҳои оперативӣ ва назорати бозорҳо мусоидат намуд, ки нозирони минтақавии Шуъбаи 1 ВКД дар шаҳри Исфара дар ҳудуди молбозори ҷамоати деҳоти Чилгазӣ ба ҳарактҳои ба ҷомеа хафноки ду кисабури моҳир Ғозиев Зубайдулло Шовалиевич, соли таваллудаш 1989, зодаи шаҳри Кӯлоб ва Одиназода Раҳмоналӣ Гадо, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муваққатан истиқоматкунандагони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд нукта гузоранд", - менависад манбаъ.

Айни ҳол тафтишот ду ҳолати кисабурӣ дар молбозорҳои шаҳри Исфараро бо далелҳо ба ин иттифоқ нисбат медиҳад, ки давоми моҳи март анҷом додаанд. Ҳамчунин аз рӯи маълумоти тафтишотию оперативии ҷамъоваришуда ному насаби шахсияти сеюм таъкид меравад, ки ҳалқаи ин иттифоқро мустаҳкам намудаасту милитсия барои дастгир намудани ӯ чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ гузаронида истодааст.

Гумонбаршудаҳо миёни тудаи одамон ҷой гирифта ду нафарашон сайди интихоб намударо миёнгир мекарданд ва нафари сеюм даст ба ҷайби ӯ бурда, маблағи пулиро тасарруф менамуд. Масалан санаи 3-юми март дар ҳудуди молбозори шаҳри Исфара аз кисаи ҷавони 18-сола 2500 сомонӣ, санаи 29-уми март дар ҳудуди молбозори ҷамоати деҳоти Чилгазӣ аз кисаи либоси мавсимии марди 55-сола 4 ҳазор сомонӣ маблағи пулиро тасарруф кардаанд.

Вобаста ба шахсияти гумонбаршуда Одиназода Раҳмоналӣ гуфтан ҷоиз аст, ки ду маротиба барои дуздӣ суд шудааст. Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршудаҳо бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс тадбиқ шудааст.
Даст доштани гумонбарон дар дуздиҳои бо ҳамин шева дар дигар минтақаҳои Суғд содир шуда, фарзияи оперативию тафтишотиест, ки мавриди коркарди милитсияи Суғд қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ