17:32 25 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Встреча председателя Маджили милли РТ Махмадсаид Убайдуллоева и посла США в РТ Джона Марка Поммершайма

Баҳси Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Поммершайм аз рушди ҳамкориҳову вазъи Афғонистон

Пресс-служба Маджлиси милли
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
142 0 0

Дар ҷараёни мулоқот раиси Маҷлиси миллӣ такмилу тақвият бахшидани заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои судмандро тавассути ба роҳ мондани робитаҳои байнипарламентӣ тақозои шоистаи марҳилаи кунунӣ зикр намуд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. 17 апрел раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев сафирии нави Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершаймро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора сухангӯи раиси Маҷлиси миллӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, нахуст Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Ҷон Марк Поммершаймро барои таъин шуданаш ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи мутақобилан судманд тақвияти тоза касб хоҳанд кард.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси Маҷлиси миллӣ пайгирона такмилу тақвият бахшидани заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои судмандро тавассути ба роҳ мондани робитаҳои байнипарламентӣ тақозои шоистаи марҳилаи кунунӣ зикр намуд.

"Маҳмадсаид Убайдуллоев зарурати ҳамкориҳои байнипарламентиро ҳамчун омили мусоидаткунанда баҳри тавсеаи равобити тарафайн махсус таъкид намуда, таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард", - таъкид намуд манбаъ.

Дар идома, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз иқдомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ёдовар шудааст.

"Таъмини фазои амн дар ҳудуди он барои мо бениҳоят муҳим мебошад ва мардуми ин мамлакати аз ноамнӣ азияткашида низ чун дигар халқҳои ҷаҳони муттамадин ҳуқуқ ва ниёз ба ҳаёти осоишта дошта, баҳри амнияти минтақа ва ҷаҳон барқарорсозии сулҳ, иқтисодиёт ва инфраструктура дар ин кишвар беш аз ҳарвақта ногузир мебошад", - афзудааст вай.

Раиси Маҷлиси миллӣ бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи Амрико дар соҳаи илму маориф масъалаи пайваста ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар ин бахшҳо, пеш аз ҳама васеъ намудани барномаҳои омӯзишӣ, ҷудо намудани бурсияҳои бештар барои таҳсил ва такмили малакаи касбии мутахассисони тоҷикистонӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои Амрико барои донишҷӯёни ҷавону болаёқати тоҷик ва табодули афкори онҳоро ҳамчун тақозои замон мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар навбати худ, ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, вобаста ба пешниҳодоти дар раванди вохурӣ зикршуда, ки баҳри рушди муносибатҳои мутақоилан судманди кишварҳо нигаронида шудаанд, изҳор дошт, ки ҷиҳати татбиқи онҳо дар доираи ваколатҳои хеш мусоидат хоҳад кард.

Мавзӯъҳои асосӣ