13:36 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Зеленый рынок в Душанбе. Архивное фото

Суғд барои содироти маҳсулоти кишоварзони Хатлон ба хориҷ аз кишвар кумак хоҳад кард

© Sputnik / Алексей Куденко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
264 0 0

Ахиран дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд мулоқоти соҳибкорони Суғд бо намояндагони кишоварзони вилояти Хатлон дар бораи содироти маҳсулоти кишоварзӣ мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд  соҳибкорони вилояти Суғд бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дидору гуфтугӯ намуда, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, мулоқот рӯзи 16 апрел дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд сурат гирифтааст.

Зимни мулоқот тарафҳо дар бораи тақвияти ҳамкориҳо дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз ба Русияву Қазоқистон мубодилаи афкор намуданд.

Муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода Умед Тоир ҳангоми гуфтушунид таъкид кард, ки имрӯзҳо дар вилоят ҳосили пиёзи баҳорӣ расидааст ва аллакай ба бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шудааст.

Ба гуфти вай ҳосили пиёзи имсола дар Хатлон хеле фаровон мебошад ва кишоварзони вилояти Хатлон имкон доранд беш аз 300 ҳазор тонна пиёзро содирот намоянд.

Дар вохӯрӣ намояндаи кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммедҷонов аз соҳибкорони вилояти Суғд, ки ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, даъват намуд, ки барои ба бозорҳои хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти кишоварзӣ бо доираҳои соҳибкориву кишоварзии вилояти Хатлон ҳамкории самаранокро ба роҳ монанд.

Барчаспҳо:
кишоварзӣ, маҳсулот, содирот, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ