05:26 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Открытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара

Хоҳишмандон зиёданд: Маркази тестӣ аз тамдиди мӯҳлати бақайдгирии довталабон хабар дод

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
208 0 0

Тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон муҳлати бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) то 30 апрел тамдид карда шуд

ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар дод, ки мӯҳлати бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ тамдид кард.

Бино бар иттилои манбаъ, ин иқдоми марказ бо далели зиёд будани хоҳишмандон ва дархости шаҳрвандон аз сар гирифта шудааст. Мӯҳлати бақайдгирӣ то 30 апрел тамдид шудааст.

"Тибқи муҳлати муқарраршуда аз 16 то 30 апрел марҳалаи асосии азнавбақайдгирии довталабон баргузор мегардад. Яъне ҳамзамон аз 16 то 30 апрел раванди бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад", - хабар додаанд аз маркази тестӣ ба "Ховар".

Ба иттилои манбаъ, довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалин (аз ҷумла, гурӯҳи ихтисосҳо, комбинатсияи ихтисосҳо, бартарии интихоби комбинатсияи ихтисосҳо, забон ё макони имтиҳонсупорӣ), маълумоти шахсии худро доранд, бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он сабти ном шуда буданд, муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд.

Пештар марказ хабар дода буд, ки дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии бақайдгирӣ, дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудааст ва довталаб ҳаққи интихоби то 12 ихтисосро дорад.

Ин ниҳод афзуд, ки соли ҷорӣ ба низоми имтиҳони марказонидаи дохилшавӣ,  як муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ -Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва 15 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар дохил гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ