Фарзандони 16 мансабдори баландпоя ба хизмат рафтанд: Суғд

© SputnikРоссийско-таджикские учения, архивное фото
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар даъвати баҳоронаи имсола, то ин дам 16 нафар фарзандони хизматчиёни давлатӣ, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ бо хоҳиши хеш барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Маъракаи сафарбаркунӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар  шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷараён дошта, то 18 - уми апрели соли равон 45,3 фоизи  нақша таъмин гардидааст. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 18 апрел дар майдони назди Комиссариати ҳарбии вилоят ҷавонони синни даъватии шаҳру навоҳии вилоят бо хоҳиши худ ҷамъ омада, барои хизмат ба Ватан равона гаштанд. 

"То ин дам 16 нафар фарзандони ашхоси соҳибмансаб баҳри хизмат ба Ватан сафарбар гардиданд",-омадаст дар хабарнома.

Президент РФ В. Путин посетил НПО Энергомаш - Sputnik Тоҷикистон
Путин: даъват ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ куҳна мешавад

Манбаъ аз қавли Бахтиёр Нодиров наваскар аз ноҳияи Айнӣ менависад: 

“Ман бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил гардида, барои давлати соҳибистиқлолам хизмат хоҳам кард. Ман аз оилаи хизматчии давлатӣ буда, хатмкардаи Донишкадаи иқтисод ва савдо ҳастам. Пас аз хатм чанд муддат дар Бахши агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд фаъолият намудам. Хостам, қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро адо намоям. Бояд ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар барои ҳимояи марзу буми Ватани азизи хеш содиқона хизмат намояд, Ватани аҷдодии худро бо тамоми ҳастияш аз дилу ҷон дўст дошта, ба ҳимояи он доимо тайёр бошад, зеро ояндаи Ватани азизамон дар дасти мо, ҷавонон аст”.

Дар қатори Бахтиёр Нодиров се ҷавони дигар Абдулқосим Ҳасанов, Шаҳбоз Аминов ва Аҳлиддин Ҷабборов, ки аз хонаводаҳои масъулини баландпоz будаву ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд, номбар шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳошияи даъвати баҳории наваскарон хидмат ба Ватанро роҳи эмин мондан аз оташи дузах гуфта, саркашӣ аз онро гуноҳи кабира унвон кард.

Лентаи хабарҳо
0