09:55 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Навбат дар дафтари ширкати мобилӣ, акс аз бойгонӣ

Ҳукумат нархро бозбинӣ кунад: ҳушдори вакил аз “зуқ-зуқ”-и мардум дар арафаи 2 интихобот

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
301711

Саидҷаъфар Усмонов, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, тасмими болобарии нархи интернет ба буҷа ва диди мардум дуруст нест ва чун давлат демократӣ мебошад, Ҳукумат бояд онро бозбинӣ кунад

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Усмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, имрӯз дар барномаи “Фурсати баён” тариқи радиои Тоҷикистон дар хитоб ба дастандаркорони қарор хотиррасон кард, ки дар асри 21, соли 2019 зиндагӣ мекунем, ки интернет василаи муҳими такмили зеҳнияту маълумот мебошад.  Ӯ аз пайомадҳои сиёсии ин тасмим ва норозигӣ, ё худ ба истиллоҳ "зуқ-зуқ"-ҳо ҳушдор дод.

“Ягон қувваи оппозитсионӣ дар муқобили Ҳукумат, қариб 8 миллион аҳолиро норизо накардааст. Мавзуъ камтар ба сиёсӣ ҳам агар табдил ёбад, мо наметавонем, дар пешорӯи 2 интихобот як амал кунем, ки қариб 7-8 миллион мардум норизо бимонад”, - изҳор дошт Усмонов.

Ӯ гуфт, ширкатҳои мобилӣ низ камбудӣ доранд, ки на ҳамаи ҳисоботро пешниҳод мекунанд, баъзан шаҳрванд хадамоти якмоҳаро харидорӣ мекунад, аммо на ҳамаи онро истифода мебарад.

“Ин дуздӣ аст. Ин ҳам ба танзим даромадагӣ нест. Ин паҳлуҳои зиёд дорад. Лекин чун мебинем, ки ба аксари ҷомеа ин дуруст наомад, мардум қабул накард, давлат демократӣ аст, сиёсати давлат мардумсолорӣ аст ва  Президент низ дар ягон паёмаш навиштагӣ нест, ки зиндагии мардумро душвор кунед”, - таъкид кард Усмонов.

Ӯ афзуд ин тасмим метавонад боис шавад, ки хидматҳои зиёди Ҳукумат нодида гирифта шаванд.  Вакили парлумон гуфт, мардуми одӣ Хадамоти зиддиинҳисориро намедонаду  “вай Ҳукумат мегӯяд, раисиҷумҳур мегӯяд”.

“Ин қарор ислоҳталаб аст, ба буҷа ва диди мардуму ҳадафҳои давлат рост намеояд. Кисаи мардуми одӣ ин нархро намебардорад. Баъдан суръату сифаташ ба ин нарх намеарзад. Ман фикр мекунам, Ҳукумат ин масъаларо баррасӣ мекунад”, - изҳор дошт Усмонов.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, бе интернет иқтисоди бозорӣ рушд карда наметавонад ва афзуд, ин тасмим ба ҳамаи қишрҳо,  аз ҷумла сарватмандон низ таъсир дорад, чун фаъолияти корхонаю ташкилотҳояшон  ба интернет вобаста аст.

Ӯ ба суол дар бораи имкони таҳлили ин масъала дар парлумон гуфт, “айни ҳол баррасии ин масъала кори Ҳукумат аст. Чунки зерсохтори Ҳукумат қарори то охир наомӯхтаро қабул кардаанд. Ин ҷо танҳо Хадамоти зиддиинҳисорӣ нест, дигар сохторҳоеянд, ки онро  таҳлилу тасдиқ кардаанд”.

Вакили парлумон дар идома аз нописандии масъулини Хадамоти алоқа эрод гирифт, ки ба гуфтаи ӯ дастандаркори болобарии нархи интернет мебошанд, аммо ба баҳси ин мавзӯъ ба барномаи “Фурсати баён” ҳозир нашудаанд.

Раҷабалӣ Маҳсиддинов, намояндаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар “Фурсати баён” гуфт, ин нархгузориҳоро аз пеши худ муайян накардаанд ва он натиҷаи таҳлили вазъи бозор мебошад. Ӯ афзуд, ояндаи наздик нишон хоҳад дод, ки то куҷо ин тасмим ба фоидаи мардум аст ва  агар бар зарари мардум бошад, он бознигарӣ мешавад. Маҳсиддинов дастури болобарии нархро ба қонунҳои бозор рабт дод, ки ба гуфтааш иштирокдорони бозор бояд фоида гиранд.

Хуршед Исмоилзода, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон сабаби 5 дирам нархгузорӣ шудани ҳар мегабайт интернетро ба зарурати назорати фаъолияти ширкатҳо вобаста гуфт. Ӯ нархҳои муқарраршударо меъёри ченак арзёбӣ намуд, ки ба воситаи он дурустӣ ва шаффофияти фаъолияти  ширкатҳои мобилӣ таъмин шуда, ба мақомоти андоз дар муайянсозии манбаъҳои андозбандӣ кумак мекунад.

Мақомдори андоз далел овард, ки тайи солҳои охир андозҳои пардохтнамудаи ширкатҳои мобилӣ ҳудуди  367 миллион сомонӣ коҳиш ёфтаанд.  

Мақомдорони  мазкур ба шунавандагон,  аз ҷумла омӯзгоре, ки гуфт ба барои пешбурди кори таълим ба интернет ниёз дорад, маслиҳат доданд, ки аз интернати хаттӣ истифода барад, чун ба гуфтаи онҳо болобарии нарх ба интернети хаттӣ рабт надорад.

Аммо омӯзгор дар посух гуфт, дар ноҳияи Ҳисор қарор дораду имкони истифодаи интернети ноқилиро надоранд ва бисёри сокинон дар чунин ҳолатанд. Ин шунаванда инчунин аз он гила кард, ки қаблан тариқи эълонҳо суҳбатҳои телефониро зараровар гуфтанд, аммо чун суҳбатҳо кам  шуд, акнун боз шикоят доранд, ки суҳбат кам карданду даромад кам шуд.

Дар давоми барнома инчунин ҷавонзане, ки худро нобиное аз шаҳри Турсунзода гуфт, занг зада, гуфт, ки интернетро истифода намебарад, аммо нархи хизматрасониҳо барои зангзаниро низ боло бурдаанд. Ӯ гуфт, ҳаққи муштарипулӣ, ки акнун 25 сомонӣ муқаррар кардаанд, барои афроде чун ӯ гарон мебошад, зеро ҳамагӣ 180 сомонӣ нафақа мегирад.

Дар “Фурсати баён” инчунин изҳороти профессор Аброр Мирсаидов, иқтисодшиноси тоҷик нашр шуд, ки гуфт, дар замони муосир ҷаҳонро иқтисоду бозори вертуалӣ фаро гирифтааст, ки қонунҳои худро дорад. Ба гуфтаи Мирсаидов қонуни таклифот ва пешниҳод дар иқтисоди вертуалӣ  дигар аст, ки тибқи он хизматҳое, ки истеъмолгари бештар дорад, бояд нархаш поинтар шавад.

Бо баёни ин назарияи илмии иқтисодиёти нав профессори тоҷик зарур донист, болобарии нархи интернет, дар ҳоле, ки  истифодабарандагони он зиёд шуда истодаанд, мавриди таҳлилу бозбинӣ қарор гирад.

Мавзӯъҳои асосӣ