Диққат, сел омад: қоидаи рафтори дуруст ҳангоми омадани сел-КҲФ

© REUTERS \ Tasnim News AgencyВид на провинцию Голестан после наводнения
Вид на провинцию Голестан после наводнения - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамасола дар Тоҷикистон чандин ҳазор нафар дар паи офатҳои табиӣ ҷон медиҳад

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон бо нашри як филми тасвирӣ, ба мардум муроҷиат кардааст ки тарзи рафтор ҳангоми сар задани селро омӯзанд.

"Муҳтарам истифодабарандагони сомона! Ба диққати Шумо филми тасвирии “Рафтори аҳолӣ ҳангоми омадани сел” пешниҳод мегардад, ки дар он қоидаҳои дурусти рафтор пешниҳод шудааст",-омадааст дар муроҷиатномаи ин ниҳод.

Дар филми тасвирӣ, ки ба забони русӣ нашр шудааст, роҳҳои наҷот ва рафтори дуруст ҳангоми сар задани ин ё он намуди офати табиӣ нишон дода шудааст.

Ҳамасола дар Тоҷикистон аз офати табиӣ садҳо нафар хона бар дӯш мешаванд. Тибқи омори расмӣ тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст.

Сарсонии осебдидагони тарма дар Хоруғ: интизории 4-сола ва ваъдаи нави ҳукумат

Дар ин давра бар асари офатҳои табиии гуногун тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз 100 ҳазор нафар таҳти хатар мондааст.

Лентаи хабарҳо
0