06:05 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото

Дар фурудгоҳи Душанбе бурҷи нави муроқибат ба кор медарояд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
490 0 0

Ин масъаларо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарии Котиби давлатии назди вазири Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан Батист Лемуана, баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати расмии Фаронсаро таҳти роҳбарии Котиби давлатии назди вазири Аврупо, Жан Батист Лемуана, ба ҳузур пазируфт.

Жан Батист дар чорчӯби сафари минтақавии худ ба Душанбе омадааст.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, маориф, илму фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима гардид.

"Ҷонибҳо аҳаммияти ба кор супоридани бурҷи нави муроқибат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инчунин ифтитоҳи намоишгоҳи фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистонро дар Осорхонаи миллии ҳунарҳои шарқии Фаронса – Гиме дар моҳи ноябри соли 2019 таъкид карданд",-омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон паёми президенти Фаронса Эммануэл Макронро ҷиҳати анҷом додани боздид аз Фаронса супорид.

Мавзӯъҳои асосӣ