18:26 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Аброр Назаров: я не хочу, чтобы мои дети ушли в творчество

Суруди Аброр Назаров дар бораи "дафни интернет" дар Тоҷикистон

© Sputnik Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
176240

Дар баробари ҷомеаи фаъоли Тоҷикистон, овозхони тоҷик Аброр Назаров-писари ҳунарманди номдор Далер Назаров ҳам аз гарон шудани нархи интернет дар Тоҷикистон гила мекунад

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба далели коҳиши даромади буҷа аз бахши алоқа ва интернет дастур доданд, ки нархи он боло бурда шавад.

Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва созмонҳо аз ин иқдом интиқод карда, онро зарба ба буҷаи мардум унвон намуданд. Тасмими мақомот барои боло бурдани нархи интернет дар Тоҷикистон интиқоди бисёре аз шаҳрвандонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пай овард.

То 4,8 сомонӣ барои 1 дақиқа: нашри нархномаҳои нави алоқа ва интернет бо имзои Қодирзода

Аз ҷумла овозхони тоҷик Аброр Назаров, писари Далер Назаров бо нашри як суруди кӯтоҳ ба гарон шудани нархи интернет вокуниш кардааст.

Ӯ дар ин сурудаш боло бурдани нархро ба беморӣ монанд кардаву худу мардумро чун пизишкон тасвир кардааст, ки натавонистаанд бемориро муолиҷа кунанд.

Ин сурудашро Аброр рӯзи 18 апрел дар Facebook нашр кардаасту онро 59 кас бо ҳамвандонашон паҳн кардаанд.

Мақомдорони Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасмими болобарии нархи интернету зангҳои телефониро таъмини манфиати ширкатҳои мобилӣ ва муштариён мегӯянд, аммо бисёре аз муштариён 18-уми апрел рӯзи амалишавии нархгузориҳои навро ба истиллоҳ “рӯзи дафни интернет” дар Тоҷикистон унвон кардаанд.

"Хуб шуд" ё “дафни интернет”? ҷонибдории адиб Ато Мирхоҷа аз қиматии интернет ва далелҳояш

Мавзӯъҳои асосӣ