06:04 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Душанбе, архивное фото

Борон: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 ва  рӯзона 18-23  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва рӯзона  8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад.  Рӯзона ҳавои  бе бориш мешавад. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14-19  ва  рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4-9   ва  рӯзона  13-18  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво рӯзона тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Танҳо  шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  8-13   ва   рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва рўзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11  ва  рўзона 17-22  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  шабона 10-13  ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ