03:42 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Эльдар Муртазин, ведущий аналитик Мобайл Рисёч груп - Mobile Research Group

Коршинос Муртазин: боло бурдани нархи интернет ва алоқаи мобилӣ ба фоидаи давлат нест

© из личного архива Эдьдара Муртазина
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
566 0 0

Имрӯз иқдомҳои пешгирифтаи мақомоти Тоҷикистон арзиши интернети мобилӣ боло бурд ва он муштариёне, ки ба истифодаи интернети мобилии одат карда буданд дигар имкони истифодаи онро надоранд ва роҳҳои кам кардани хароҷот меҷуянд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik.  Элдар Муртазин, коршиноси ташкилоти Mobile Research Group дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид намуд, ки беҳтарин роҳи кам кардани масраф барои интернети мобилӣ ин харидории сим кортҳои операторҳои мобилии дигар кишварҳост.

Вай гуфт, ин иқдом метавонад ба сокинони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои ҳаммарз зиндагӣ мекунанд, кумак намояд.

Дар минтақаҳои назди сарҳадӣ операторҳои мобилӣ зиёданд, ва хизматрасонии онҳо низ ба маротиб арзон аст.

Муртазин ёдрас шудааст, ки қаблан Тоҷикистон аз арзон будани алоқаи мобилӣ фоидаи зиёд ба даст меовард.

“Аз ҷумла сокинони Афғонистон, ки дар наздикии марзи Тоҷикистон  зиндагӣ мекарданд, симкортҳои ширкатҳои Тоҷикистонро мехариданд ва аз хизматрасониҳои ширкатҳои ин кишвар истифода мекарданд. Аммо баъд аз пурзур намудани қавонин дар бораи харидории симкорт муштариёни ширкатҳои мобилиро аз кишвари ҳамсоя ба маротиб кам кард. Мардум аз истифодаи симкортҳои Тоҷикистон даст кашиданд”, - таъкид кард коршинос.

Дар ҳамин ҳол, Элдар Муртазин зикр намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо иқдоми пешгирифтаи худ ба пои худ тир андохт.

“Операторҳои мобилӣ ин драйвери иқтисод буда бояд ба хазинаи давлат фоида биёранд. Замоне, ки оператори мобилиро маҷбур месозанд, арзиши хизматрасониашро боло бубарад, ин омоли нобудсозии алоқаи мобилӣ дар кишвар аст”, - қайд намуд коршинос.

Ин раванд метавонад сармоягузориро ба рушди ин соҳа коҳиш диҳад. Вай афзуд, ки ин соҳа танҳо дар сурате метавонад рушд намояд, ки муштариён ҳар чӣ бештар аз интернети мобилӣ ва алоқа истифода намоянд.

Дар ҳоли ҳозир агар мардум дар Тоҷикистон аз симкортҳои Қирғизистон ё Русия истифода намоед, ҳеҷ мушкилие надорад. Аз лиҳози ҳуқуқӣ ин комилан қонунист.  

Элдар Муртазин, тавзеҳ дод, ки иқдоми қабулкардаи ҳукумати Тоҷикистон то охир омӯхта нашудааст. Ин иқдом метавонад ба иқтисоди кишвар зарарӣ бузург расонад.

“Барои ман фаҳмидани иқдоми Тоҷикистон мушкил аст, аммо метавонам бигуям, ки ин як зарбаи ҷиддӣ ба иқтисод аст. Ин иқдом на танҳо зарба ба операторҳои мобилист, балки ба иқтисоди кишвар аст, чунки алоқаи  мобилӣ имрӯзҳо асоси иқтисоди ҳар кишвар аст” – таъкид намуд Элдар Муртазин, коршиноси ташкилоти Mobile Research Group.  

Инчунин коршинос қайд намуд, ки имрӯзҳо мансабдорони Тоҷикистон аз гирифтани масъулият тарс доранд. 

“Онҳо тарс доранд, ки иқдомҳои қабулшуда, нодуруст мебошанд. То он замоне, ки мансабдорон масъулиятро бар душ нагирад ва ақибнишинӣ накунад, ин раванд идома хоҳад ёфт. Рӯз аз рӯз, вазъ дар ин соҳа бадтар мешавад. Операторҳои мобилӣ дурнамоя сармоягузории худро низ дар Тоҷикистон бозбинӣ хоҳанд кард. Ин ҳолат метавонад ба ҷое бирасад, ки аз он дигар роҳи бозгашт нест” - , гуфт коршинос.  

Барчаспҳо:
гаронӣ, интернет, алоқаи мобилӣ, Элдар Муртазин, коршиносон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ