08:49 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Дождь, архивное фото

Борону жола ва раъду барқ: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои борониву тағйирёбанда дар назар аст

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
269 0 0

Имрӯз ҳавои Тоҷикистон абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Тавре Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад обу ҳавои  шаҳри Душанбе  тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду  барқ дар назар аст.  Ҳаво  шабона 11-13  ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  бошад ҳаво абрнок мешавад. Дар  баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.  Боридани  жола  низ дар назар аст. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10  ва  рўзона 14-19  дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, обу ҳаво дар ВМКБ абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар  ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 ва  рӯзона 17-22  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда, рӯзона  8-13 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд.  Дар  баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр  барф  меборад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва  рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7   ва  рӯзона  9-14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар  ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14-19 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  10-15   ва   рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад.

Барчаспҳо:
раъду барқ, Душанбе, душанбе, борону жола, борон, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ