Дӯстии халқҳо: дар Душанбе фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ баргузор мегардад

© PixabayМолодежь
Молодежь - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон нахустин фестивали фарҳангии донишҷуёни хориҷӣ таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Бахшида ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе   нахустин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар ҷумҳурӣ таҳсил доранд, баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар додааст.

В Душанбе открылась выставка Таджикистан и Россия: по пути дружбы и созидания - Sputnik Тоҷикистон
Бо роҳи дӯстӣ: дар Душанбе намоиши “Тоҷикистону Русия” оғоз шуд

Бино бар иттилои манбаъ, фестивали мазкур 14 майи соли равон  таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!” баргузор гардида, дар он  шумораи зиёди ҷавонони хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил доранд, иштирок хоҳанд кард.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон таъкид намудааст, ки мақсад аз баргузории  Фестивали фарҳангӣ  - ин пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон,  ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар  ва  тақвият додани  ҳамкориву дастгириҳои ҷавонони олам  мебошад.

Инчунин дар   фестивал   сарояндагони ҷавони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ иштирок намуда,  барои тамошобинон мусиқиҳои ҷолиб, рақсу суруд ва таронаҳо пешниҳод хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0