04:18 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Сильный ветер в Москве, архивное фото

Агентӣ номи 13 шаҳру навоҳиро гуфт, ки дар онҳо борони ниҳоят шиддатнок пешбинӣ мешавад

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3309 0 0

Дар ин шаҳру навоҳиҳои кишвар аз 23 то 25 апрел бориши бениҳоят шиддатноки борон дар назар аст. Дар Душанбе низ борон шиддат гирифта, эҳтимолияти то як шабонарӯз боридани он дар назар аст

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Аз  23 то 25 апрел дар Тоҷикистон  ҳавои номусоид  боқӣ монда,  боридани боронҳои шиддатнок  дар назар аст.   Дар ин бора хабаргузории "Ховар" дар истинод ба сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ,  хусусан 24 апрел дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ бориши боронҳои ниҳоят шиддатнок  дар назар дошта шудааст.  Дар  шаҳри Душанбе низ борон шиддат гирифта,  эҳтимолияти то як шабонарӯз  боридани он дар назар аст.

"Дар ин шабу рӯз дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод,  Рашт, Нуробод, шаҳри Ваҳдат,   шаҳри Хучанд, Панҷакент, Истаравшани вилояти Суғд ва  шаҳри Бохтар, Кӯлоб, Данғара, ноҳияҳои Ховалинг, Восеъ ва  Шамсиддини Шоҳини вилояти  Хатлон  боронҳои   ниҳоят шиддатнок  меборанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Шаби  23 ба 24 апрел дар қисматҳои ҷанубии вилояти Хатлон  каму беш  чангу ғубор  вазида, дар вилояти Суғд,  ноҳияҳои тобеи марказ ва як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон шиддат гирифтани шамол дар назар аст. Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд боридани боронҳои на он қадар шиддатнок  пешгӯӣ мешавад.

Ба зикри сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ,   шаби 24 ба 25 апрел   дар натиҷаи  боридани боронҳои шиддатнок  якбора баландшавии сатҳи оби  дарёҳои Ёхсу, Қизилсу  Хингоб, Кофарниҳон  ва Варзоб аз эҳтимол дур нест.  Инчунин дар  қисми зиёди минтақаҳои  ҷумҳурӣ хатари  фаромадани сел ва ярч  дар назар дошта шудааст.

Дар  охири моҳи апрел  тағйир ёфтани вазъи ҳаво ва  боридани борон бо раъду барқ дар назар буда, ҳаво 28-29 апрел дар як зумра минтақаҳо асосан  бебориш мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ