"Имрӯзро ид эълон кунед": хушҳолии мардуми Тоҷикистон аз бекор шудани қарори Интернет

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальная сеть "Фейсбук"
Социальная сеть Фейсбук - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони Тоҷикистон аз бекор шудани қарори интернет тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хушҳолӣ мекунанд. Бархе аз онҳо менависанд, ки "адолат пирӯз шуд", бархеҳо ба ин "рухдоди сол" бовар карда наметавонанд ва нафароне, ки бовар намудаанд, пешниҳод кардаанд, ки "имрӯз ид эълон шавад"

ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Мардуми Тоҷикистон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан Фейсбук аз дастури раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи бекор кадани қарори Интернет ва ба ҳолати аввала баргардонидани арзиши тарофаҳои мобилӣ изҳори хурсандӣ мекунанд.

Бегоҳи имрӯз дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон бо як дастури худ қарори боло бурдани арзиши интернетро аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бекор кард.

Здания Министерства культуры и Счетной палаты - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи навтаъсиси Вазорати фарҳанг ба Ҳабибулло Абдураззоқов дода шуд

Баробари роҳ ёфтани ин гузориш ба шабакаҳои иҷтимоӣ, сокинон изҳори хурсандӣ намуданд ва навиштанд, ки ин хабарро "тамоми тоҷикони дунё интизор буданд".

Spunik Тоҷикистон ҷолибтарин шарҳҳои истифодабарандагонро гирд овард.

Ҳамин тавре, пеш аз ҳама, чанде аз корбарон ба гузориши мо бовар накарданд. Онҳо дар зери хабар шарҳ навишта, аз дигарон "илтимос" карданд, ки рост ё дурӯғ будани хабарро ба онҳо тавзеҳ диҳанд.

"Рост бошад?", - менависад Сӯҳроб Саидов.

"Илтимос, касе шарҳ диҳад, ки ҳамин гап рост бошад?", - навиштааст Муҳаббат Фозилова, корбари дигар.

Дар ҳамин ҳол, бархеҳо навиштаанд, ки "адолат пирӯз шуд". Онҳо таъкид кардаанд, ки норозигии мардум ин ҷо нақши муҳим дошт.

"Ана ин гапи дигар! Уштур об хоҳад гарданашро дароз мекунад. Агар норизоӣ намекардед, намешуд", - менависад донишманди тоҷик Абдуқодир Рустам дар саҳифаи фейсбукиаш.

Эльдар Муртазин, ведущий аналитик Мобайл Рисёч груп - Mobile Research Group - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос Муртазин: боло бурдани нархи интернет ва алоқаи мобилӣ ба фоидаи давлат нест

Чанде аз корбарон барои ин дастур аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миннатдор гашта, гуфтаанд, "мо ба раисҷумҳури худ эътимод дорем".

"Аз муҳтарам президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нихоят миннатдорем", - навиштааст Баҳриддин Шодиевич.

"Як ҷаҳон ташаккур ба Президенти сулҳпарвари кишвар", - мегӯяд шоири тоҷик Адиба Азиз.

Нафароне ҳам пайдо шудаанд, ки шӯхиомез ба бархе изҳоротҳо дар бораи ба чашм зарар доштани интернет ё "вабои аср" номидани он киноя кардаанд.

"Ба чашмони мо ва фатвои муллоҳо чӣ мешуда бошад", - менависад корбари дигар.

Истифодабарандае пешниҳод кардааст, ки имрӯз - рӯзи баргаштани арзиши интернет ба ҳолати аввала - ид эълон гардад.

Лентаи хабарҳо
0