06:37 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Сим-карта, архивное фото

Идомаи баҳс: Билайн пули муштариёнро бармегардонад, дигар ширкатҳо тарофаҳои пештараро

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
814 0 0

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 24 апрел, пас аз гузориши сайти президенти Тоҷикистон дар бораи бекор шудани қарори Интернет, гуфтанд, ки ба зудӣ тарофаҳои пештараро бармегардонанд. Ширкати Билайн ваъда дод, ки маблағи муштариёнро бармегардонад. Аммо дар эълони дигар ширкатҳо дар ин бора гуфта намешавад

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Дар Тоҷикистон ширкатҳои мобилӣ эълон карданд, ки ба наздикӣ тарофаҳои пештараро бармегардонанд. Билайн Тоҷикистон ҳатто ваъда додааст, ки пули муштариёни тарофаи "Қулай"-ро бозпас медиҳад.

Дар эъломи дигар ширкатҳои мобилӣ дар ин бора чизе гуфта намешавад.

Ҳамин тавр, ширкатҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ё вебгоҳҳоияшон эълом карданд, ки барои баргаштан ба тарофаҳои пештара корҳои техникӣ анҷом дода мешаванд.

"Муштариёни мӯҳтарам! Қарори Интерент бекор гашт. Ин тағйирот ба зудӣ дар ширкат ҷорӣ мешавад", - гуфта мешавад дар саҳифаи Мегафон Тоҷикистон.

Ширкати Tcell низ эълон кард, ки ба тарофаҳои пештара бармегардад.

"Супориши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти рақами 31 аз 4 марти соли 2019 "Дар бораи тарофаҳои алоқаи электрикӣ" бекор гардид. Феълан аз ҷониби ширкат барои баргардонидани тарофаҳо ва хизматрасониҳо ба ҳолати аввала корҳои техникӣ анҷом дода мешаванд.  Барои нороҳатии рӯзҳои охир узр мепурсем", - навиштааст ширкат.

Ширкати Бабилон-мобайл низ дар вебгоҳаш бо як хабари кӯтоҳ гуфтааст, ки қарори хадамоти зддиинҳисорӣ бекор гардид.

Билайн Тоҷикистон хабар додаст, ки маблағи муштариён баргардонида мешавад.

"Ба наздикӣ мо корҳои техникиро барои барогардонидани тарофаҳо ба ҳолати аввала анҷом медиҳем. Баъди он муштариёне, ки ба тарофаи "Қулай" пайваст шуда буданд, ба тарофаҳои пештараашон баргардонида мешаванд. Афзун бар ин, мо бо муштариёне ки ба тарофаи "Қулай"  пайваст шуда буданд, маблағҳояшонро бармегардонем", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, шоми 24 апрел қарори боло бурдани арзиши интернет ва тарофаҳои мобилӣ бо як дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бекор карда шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ