06:19 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона в Москву

Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин сафар кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
389 0 0

Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо ҳайати васеъ ба сӯи Пекин барои иштирок дар Форуми дувуми байналмилалӣ “Як камарбанд-як роҳ” равон шуд

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми дувуми байналмилалӣ “Як камарбанд-як роҳ” ва намоишгоҳи ЕХРО-2019 ба шаҳри Пекини Чин сафар кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Сарвазири Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумитаи андоз, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
сафар, Эмомалӣ Раҳмон, Пекин, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ