ВУД: кисарабоӣ дар бозори “Корвон”. Ду зан дастгир шудаанд

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон як қатор амалҳои дуздиро дар минтақаҳои гуногуни кишвар ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 25 апр – Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар зани 23 ва 33-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати умури дохила.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти зани 36-солаи сокини Дарвоз ба иттиҳоми дуздӣ дар Корвон

Мангбаъ афзудааст, ки ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 47-солаи сокини ноҳияи Данғара муроҷиат намудааст, ки рӯзи 23-юми апрели соли 2019, тахминан соатҳои 13:20-дақиқа, дар бозори “Корвон” шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷузвдонаш 600 доллари амрикоӣ ва 4080 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳамчунин оид ба ҳодисаи дуздӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун ба ШВКД дар шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки шаби 10-ум ба 11-уми апрели соли 2019, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба дохили дукони диллериаш, воқеъ дар бозорчаи Варошилободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ даромада, аз он ҷо 30-адад телефонҳои мобилии таъмирталабро, ки арзишашон 15000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0