КҲФ 60 ҳазор сокинонро аз рустоҳои осебпазир ба маконҳои амн кӯчонд

© Фото / Улан МаккамбаевСелевой поток
Селевой поток - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумаитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки ба хотири коҳиши хатарҳои офати табиӣ аз манотиқи гуногуни кишвар ҳудудан 60 ҳазор сокинон аз рустоҳои осебпазир ба маконҳои амн кӯчонида шуданд

ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Ба хотири коҳиши хатарҳои офати табиӣ, бо қарори комиссияи ҳолатҳои фвақулодаи ноҳияи Рӯдакӣ аҳолии 5 деҳаи ҷамоати шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода ва 2 деҳаи ҷамоати Зайнабобод ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ ҳамчунин бо қарори комиссияи шаҳри Ҳисор 60 оила аз қитъаҳои хатарноки деҳаи Кӯҳнабой ба макони амн бурда шуданд.

Результат короткого замыкание в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи ВУД дар бораи таркиш дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт

“Дар маҷмӯъ наздики 6 ҳазор нафар аҳолӣ ба макони амну бехавф кӯчонида шуданд”, иттилоъ додааст КҲФ.

Инчунин манбаъ хабар додааст, ки дар як шабонарӯз бар сабаби боронгариҳои шадид чандин фоҷеаи дигар рух додааст.

Аз ҷумла дирӯз мавҷи селҳои азим сабабгори резиши санг дар қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ шуд.

“Дар натиҷа дар километри 155-уми ин роҳ бар асари резиши санг ронандаи 40-солаи мошини тамғаи “Тайота прадо”, ки ба самти Хукҷанд дар ҳоли ҳаракат буд, ба ҳалокат расид. Воҳиди вокуниши сареъи Кумита дар водии Зарафшон ҷасади ронандаро фаврӣ аз дохили мошини зери сангрезиш монда берун овард. 

Ҳамчунин резиши санг дар роҳҳои мошингарди  Душанбе-Дарвоз, Душанбе-Рашт-Лахш, қаламраи Масчои Кӯҳии вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Дар айни замон ин роҳҳо поккорӣ шуда, ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудаанд, вале хавфи резиши санг боқӣ мондааст.

Инчунин КҲФ таъкид намудааст, ҳангоми чаронидани чорво дар қаламрави ҷамоати Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод сокинони 54 ва 14-солаи ин русто ба ҳалокат расиданд. Ҷасади аввалӣ пайдо шудаву ҷустуҷӯи ҷасади дуюмӣ, писарбачаи ноболиғ идома дорад.

Селевой поток - Sputnik Тоҷикистон
Шаш подабон дар роҳи селоб мондаанд: офати маргбор дар ноҳияи Файзобод

Дар ҳамин ҳол Кумита ҳушдор додааст, ки тибқи Ожонсии обуҳавошиносии кишвар дар қаламрави кишвар то охири моҳи апрел ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Бар асари ин обу ҳавои номусоид об шудани барфҳо дар кӯҳҳо ва сарозер шудани оби зиёд ба водиҳо сабабгори якбора боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо мешавад. Ҳамчунин об шудани барфҳо метавонад хоки теппаҳоро нарм созад ва сабабгори рониши замин дар баъзе манотиқ гардад. Аз сӯйи дигар боришоти шадид хатари лағзиши тарма, омадани сел ва резиши сангро бештар мекунад. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки чораҳои бехатариро риоя кунанд, аз рафтан ба кӯҳҳо худдорӣ намоян.

Лентаи хабарҳо
0