22:16 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Эмомали Рахмон запустил технологическую линию на предприятии Ковры Кайроккума

Истеҳсолот дар ширкати "Қолинҳои Қайроққум" зиёд шуд

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
144 0 0

Дар давоми се моҳи аввали соли 2019 корхонаи мазкур дар ҳаҷми 735,5 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинию тафтенгӣ истеҳсол намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 190,5 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Имрӯз, 25 апрел 25 апрел Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз ширкати "Қолинҳои Қайроққум"-и шаҳри Гулистон боздид намуда, бо фаъолияти кунунии ин корхонаи маъруф аз наздик шинос гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад.

Гуфта мешавд,  соли гузашта сехи истеҳсоли ришта ба кор андохта шуд.

"Ба сехи мазкур аз кишварҳои Олмону Белгия таҷҳизоти махсуси истеҳсоли риштаи полипропиленӣ ва таҷҳизоти иноватсионии махсуси мустаҳкамсозии ришта бо иқтидори 8,5 ҳазор тонна дар як шабонарўз ба маблағи умумии 34 715 600 сомонӣ ворид гардид", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар давоми се моҳи аввали соли 2019 корхонаи мазкур дар ҳаҷми 735,5 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинию  тафтенгӣ истеҳсол намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 190,5 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.

Шумораи миёнаи кормандон дар корхонаи қолинбофон 352 нафар буда, мувофиқи ҳисоботи оморӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 88 нафар зиёд шудааст. Дар ҳоли ҳозир музди маоши миёнаи қолинбофон 1040 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 171 сомонӣ зиёд гардидааст.

Пас аз шиносоӣ Раиси вилоят нақши корхонаро дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда назаррас арзёбӣ карда, ба роҳбарияти он ҷиҳати содироти бештари маҳсулот, боз ҳам афзун намудани дастовардҳо, таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ дастуру супоришҳо дод.

 

Мавзӯъҳои асосӣ