Раисҷумҳур ҷонибдорӣ карду созишнома имзо шуд: дар Душанбе корхонаи обу машрубот месозанд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкРозлив воды. Архивное фото
Розлив воды. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бунёди корхонаи истеҳсоли обу машруботи "Сиёма"-ро ширкати "Авесто Гурӯҳ" анҷом медиҳад. Арзиши лоиҳаи мазкур 10 миллион долларро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Авесто Гурӯҳ" созишномаи бунёди корхонаи оби нӯшокӣ ва машруботии "Сиёма"-ро ба имзо расониданд.

Созишномаро аз ҷониби Ҳукумат раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода ва мудири кулли ширкати "Авесто Гурӯҳ"Муҳаммад Мирзо  имзо карданд.

Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи апрел раиси Ҳукумати Тоҷикистон, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат, лоиҳаи созишномаи инвеститсионӣ бо ширкати "Авесто Гуруҳ" барои бунёди корхонаи "Сиёма"-ро ҷонибдорӣ кард.

Лоиҳа дар ду марҳила татбиқ гардида, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ, сохтмони корхона, харидории техника ва технологияи зарурии истеҳсолӣ, сохтмони инфрасохтори зарурӣ аз ҷониби "Авесто Гурӯҳ" анҷом дода мешавад.

Муҳлати амали созишнома аз рузи тасдиқ гардидани он аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 10 солро дар бар гирифта, зимни татбиқи лоиҳа талаботи сохтмонӣ, бехатарӣ ва экологии кишвар аз тарафи сармоягузор пурра риоя мегардад.

Расман Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани "Сиёма" дар ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе моҳи марти соли гузашта оғоз бахшида буд ва дафтари матбуоти раисиҷумҳур он замон арзиши лоиҳаро 15 миллион доллари ИМА арзёбӣ намуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Орзуи Қаҳҳор Маҳкамов ва қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Сиёма”

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур дарёи Сиёма дар масофаи 50 километрӣ аз шаҳри Душанбе дар дараи Варзоб ҷойгир буда, оби он яке аз тозатаринҳодар ҷаҳон ба шумор меравад.

"Тибқи тадқиқоти олимони соҳа оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбӣ расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм басо фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки оби Сиёма дар байни дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд", - таъкид кард дафтари матбуоти раисиҷумҳур Тоҷикистон.

Ширкати “Авесто Гуруҳ” дар сомонааш изҳор доштааст, ки оби "Сиёма" барои пешгирии пиршавии бадан мусоидат карда, ивазшавии ҳуҷайраҳои куҳна бо навро суръат мебахшад.

Ширкати "Авесто Гуруҳ", ки ба истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикану шароббарорӣ машғул хоҳад шуд, чанд соли қабл таъсис ёфта, феълан дар бахшҳои гуногун фаъолият дорад. Аз ҷумла ин ширкат масъули насби низоми пардохти электронӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе интихоб шуда, инчунин ба тавлиди воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар пойтахт машғул мебошад.

Лентаи хабарҳо
0