09:32 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Новый министр финансов РТ Каххорзода Файзиддин, архивное фото

Тоҷикистон барои сайёҳону ҳоҷиён хироҷи ҳатмӣ ҷорӣ кард

Пресс-служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1015 0 0

Пардохти ҳатмиро ҳам сайёҳон, ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба сайёҳӣ мераванд, месупоранд. Ҳаҷми хироҷи ҳатмӣ барои ҳоҷиён 50 доллар аст

ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ ва шаҳрвандони кишвар, ки ба воситаи ширкатҳои сайёҳӣ ба гардишгарӣ мераванд, хироҷи ҳатмӣ ҷорӣ карда шуд. Тағйироти вижа ба қонуни Тоҷикистон "Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаи Тоҷикистон" имрӯз, 26 апрел ворид гардид.

Вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода тарҳи мазкурро шарҳ дода гуфт, мувофиқи тағйирот аз шаҳрвадони хориҷие, ки бо мақсади саёҳат вориди кишвар мешаванд, пардохти ҳатмӣ ситонида мешавад.

Ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба воситаи ширкатҳои сайёҳӣ ба гардишгарӣ мераванд ва ҳоҷиён хироҷ месупоранд.

Аз аз пардохти ҳатмӣ собиқадорони ҶБВ, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, маъюбони гурӯҳи якум ва дувум, наврасони то 16-сола ва дипломатҳо озод карда мешаванд.

Ба гуфтаи вазири молия, феълан дар Тоҷикистон бештар аз 145 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунанд. Кишварро соли гузашта 1 миллион гардишгари хориҷӣ боздид кардаанд.

Қаҳҳорзода афзуд, ҳаҷми хироҷи сайёҳиро ҳукумат муайян хоҳад кард. Аммо аз ҳоҷиҳо 50 доллар пардохти ҳатмӣ ситонида мешавад.

Барчаспҳо:
боҷу хироҷ, ҳоҷӣ, сайёҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ