22:39 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Дни культуры Таджикистана в Москве

Мақомоти Суғд барои тарроҳону дӯзандагони Чакан озмун эълон кард

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
70 0 0

Занону ҷавондухтарон то 40 солаи вилояти Cуғд имкон доранд дар фестивали вилоятии “Сад ранги чакан” иштирок намоянд

ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд эълон намудааст, ки бахшида ба “Солҳои рушди деҳот дар вилоят фестивали вилоятии “Сад ранги чакан” баргузор мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

“Ба таваҷҷуҳи сокинони вилояти Суғд, бахусус тарроҳону дӯзандагон расонида мешавад, ки бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба «Солҳоирушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Озмуни мазкур аз рӯи бахшҳои беҳтарин либоси қадимаи чакан, беҳтарин либоси кўдакона, беҳтарин либоси рӯзмарра, беҳтарин либоси маросимӣ ва идона, беҳтарин либоси расмӣ ва беҳтарин навъҳои гуногуни сўзанидўзӣ сурат мегирад.

Манбаъ қайд намудааст, ки иштирокчиёни озмун бояд дар либос ва сӯзанидӯзиҳо паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллии ин ё он маҳал,санъати асили гулдӯзӣ, сўзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро кашф ва эҳё намоянд.

“Довталабон бояд ҳангоми омодасозии либос аз матоъҳои якранг, атласу адрас ва алоча истифода бурда, дар он нақшу нигори миллии чакан ва гулдўзиро таҷассум созанд”, - афзудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, масъулини озмун эълон намуданд, ки дар озмуни вилоятӣ метавонанд  занону ҷавондухтарон то 40 сола иштирок намоянд.

Масъулин хоҳиш намудааст, ки дархостҳо барои иштирок дар озмун ба Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят равон карда шавад.

Барчаспҳо:
занон, озмун, чакан, чакандӯзон, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ