13:37 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Наврузовский карнавал в Нуреке

Дар Суғд 6733 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
194 0 0

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд зимни ҷаласаи навбатӣ эълон намуд, ки дар ҳоли ҳозир дар вилоят 6733 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik.  Масъулини раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, зимни ҷаласаи навбатӣ доир ба натиҷаҳои семоҳаи соли равон эълон намуданд, ки имрӯз аз 1 миллиону 315,4 нафар занону духтарони вилоят 6733 нафарашонро занони роҳбарикунанда ва 1267 нафарашонро хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳанд.

“Аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар занон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар вакилони Маҷлиси халқи вилояти Суғд, 99 нафар ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва 543 нафар вакилони халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд, ки нисбат ба солҳои пешин зиёд мебошад”, - таъкид намудаанд масъулини Расёсат.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки дар вилоят 6 нафар занон дорои унвони баланди Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, 236 қаҳрамонмодар, 561 нафар сазовори ордену медалҳо, 153 барандагони унвону ҷоизаҳои давлатӣ, 51 дорандаи “Медали шоиста”, 13 нафар докторони илм, 279 нафар номзадони илм, 139 нафар варзишгарони номдор мебошанд.

Барчаспҳо:
қаҳрамон, роҳбар, Суғд, занон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ