02:28 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Ливень и град в Душанбе 13 ноября 2015 года

Обуҳавошиносон: дар аксари манотиқи Тоҷикистон боридани борону жола дар назар аст

© Sputnik Игорь Лекаркин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
33510

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар  шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда боридани борону жола ва ба амал омадани  раъду барқ дар назар аст.  Ҳаво  шабона 10-12 ва рӯзона 16-18   дараҷа гарм мешавад.

Тибқи иттилои Ожонсӣ ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ тағйирёбанда мешавад.  Дар  баъзе ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ  борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал  меояд.  Дар  баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад.  Боридани  жола низ дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15 ва рўзона 14-19  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва  рўзона 10-15  дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат меборад.  Дар  ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф  дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 3-8  ва  рӯзона 10-15  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона  4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд.  Боридани  жола  низ дар назар аст. Дар  баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 3-8  ва  рӯзона  8-13  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво шабеҳи дигар минтақаҳои Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар   ноҳияҳои доманакӯҳӣ  борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани  жола низ дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳои ҷанубии вилоят чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8-13  ва   рӯзона 11-16 дараҷа гарм  мешавад.

Барчаспҳо:
душанбе, жола, борону жола, борон, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ