12:31 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
137201

Дар натиҷаи садама дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ронадаи мошини “Опел-Астра” ва мусофири он ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар натиҷаи чаппа шудани мошини “Опел-Астра” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок”  ду нафар ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 29-уми апрели соли равон, тахминан соати 04:40-дақиқа, ронандаи мошини “Опел-Астра”, Юсупов Хусрав Зокирҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, машинашро чаппа намудааст. 

Манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷа, ронанда Юсупов Х.З. ва мусофири автомашинаи мазкур Аминов Баҳром Обидович, соли таваллудаш 2000, донишҷӯи соли 1-уми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон ҳодисаи мазкурро мавриди таҳқиқ қарор доданд. 

Барчаспҳо:
ҳалокат, садамаи маргбор, шоҳроҳ, Хуҷанд, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ