00:04 19 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Парад Победы в Душанбе

Рӯзи 9 май дар Душанбе гузашти низомӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
264 0 0

Рӯзи 9-уми май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе дар маросими гузашти низомӣ Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон иштирок мекунад

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзи 9-уми май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе баргузор мегардад иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба маркази матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ дар маросими гузашти низомӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад.

Инчунин дар гузашти низомӣ гурӯҳи собиқадорони ҷангу меҳнат меҳмонони гиромиву муътабар иштирок хоҳанд кард.

Тибқи иттилои манбаъ, пеш аз оғози сафороӣ маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи Гулхани абадӣ баргузор шуда, ҳозирин хотираи қурбониёни ҷангро бо хомӯшии якдақиқаӣ ёд медоранд.

“Дар гузашти низомӣ дар шаҳри Душанбе наздики 2 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе ва ҳамчунин сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард” – қайд намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор нафар дигар ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳамагӣ 244 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, собиқадорони ҶБВ, ҶБВ, Иди Ғалаба, гузашти низомӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ