16:43 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Такси в городе Душанбе, архивное фото

"Мерседесҳо"-и ҷаримагурез дар кӯчаҳои Душанбе: рӯйхати ВУД нашр шуд

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
63910

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар сокини шаҳри Душанбе, Мавзудов Нематулло бо худрави "Опел Астра" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 94 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

БДА қонуншикании ҶДММ Шоҳроҳи Бадахшон ва Талко Персияро ошкор кард: рӯйхати ВУД

"Мерседес-Бенс"-и мутаалиқ ба сокини шаҳри Душанбе, Аҳлиддин Камолиддин 68 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Мерседес Бенс"-и Мирзоев Ҷаҳонгир сокини шаҳри Душанбе, номбар шудааст.

Ӯ 32 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Қонуншиканӣ ва ҷаримагурезии занони мошинсавор: рӯйхати ВУД

Қонуншиканӣ ва ҷаримагурезии занони мошинсавор: рӯйхати ВУД

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 30 апрел, рӯйхати 24 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ