Дар Душанбе Фестивали V филмҳои кореягӣ ифтитоҳ гардид

Муаррифии филми ҳуҷҷатии “Занони Роҳи Абрешим”
Муаррифии филми ҳуҷҷатии “Занони Роҳи Абрешим” - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба мухлисони кинои  кореягӣ панҷ филмро дар жанрҳои мухталиф, ба мисли драма, мазҳака, филми таърихӣ, ҷангӣ ва филм оид ба варзиш пешниҳод менамояд

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Шоми дирӯз, 29 апрели соли 2019 дар хонаи кинои “Кохи Наврӯз” Фестивали филмҳои кореягӣ – 2019 ботантана ифтитоҳ ёфт, иттилоъ дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.  

Муҳиддин Музаффар. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коргардон Муҳиддини Музаффар: ширкат дар фестивал бароям ғолибият аст

Манбаъ афзудааст, ки Кордори Сафорати Корея дар Тоҷикистон Лю Вучол аҳли толорро бо ифтитоҳи фестивал хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Фестивали филмҳои кореягӣ дар доираи “Ҳафтаи Корея-2019”, ки аз 26 апрел то 4 май идома меёбад, гузаронида мешавад.

Мавсуф иброз дошт, ки фестивали мазкур ба мухлисони кинои  кореягӣ панҷ филмро дар жанрҳои мухталиф, ба мисли драма, мазҳака, филми таърихӣ, ҷангӣ ва филм оид ба варзиш пешниҳод менамояд.

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанги кишвар Абдуғаффор Абдуҷабборов оид ба робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Корея, рушди санъати синамо дар Корея ва дастовардҳои он ҳарф зада, иброз намуд, ки Фестивали мазкур ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.

Рӯзи 4 май дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе “Рӯзи Корея” баргузор мегардад. Дар доираи он ташкили намоиши либос, хӯрок, санъати аккосӣ ва каллиграфияи кореягӣ, инчунин барномаи консертии санъаткорони ин кишвар дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0