01:45 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Кишлак Хушекат Айнинского района Таджикистана, архивное фото

Обуҳавошиносон: дар баъзе манотиқи кишвар боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар  шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Ҳаво  шабона 7-9 ва рӯзона 24-26  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11 ва рўзона 22-27  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва  рўзона 15-20  дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва  рӯзона 15-20  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона  5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда мешавад. Рӯзона  дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона  10-15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10  ва   рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад.

Барчаспҳо:
душанбе, борони кӯтоҳмуддат, борон, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ