18:00 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Камнепад перекрыл движения по трассе Душанбе-Худжанд

Фаврӣ: лағжиши як кӯҳпора, роҳи Душанбе-Хуҷандро баст

Компания IRS
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
380 0 0

Бар асари лағжиши кӯҳпора дар километри 119-уми роҳи Душанбе Чаноқ баста шуд

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik.  Ширкати IRS  субҳи имрӯз хабар додааст, ки дар километри 119- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши кӯҳпораи азим ба амал омада аст.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса қитъаи зикршудаи роҳ фурӯ рафта, бино ба гуфти мутахассисон онро аз нав бунёд кардан лозим аст.

“Аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳолат кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидор ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, бартарафсозии кӯҳпора идома дорад”, - қайд намудааст Ширкати IRS .

Бино бар иттилои ширкат, ҳоло ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуда, барои ҳарчи зудтар барқарор намудани рафтуомади воситаҳои нақлиёт тариқи ин роҳ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Барчаспҳо:
баста шуд, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, лиғжиши кӯҳпора, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ