15:28 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Ҳукумати Суғд ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 704 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ медиҳад

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
376 0 0

Ҳукуамти вилояти Суғд барои маъюбони ҶБВ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарон ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ кор кардаанд, 704 000 сомонӣ кӯмакпулӣ хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik.  Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он ба маъюбони ҶБВ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарон ва шахсоне, ки дар ақибгоҳ кор кардаанд кӯмакпулӣ дода мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Тавре мақомоти Суғд эълон намудааст, ба муносибати 74-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҷониби ҳукумати вилоят ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида, инчунин шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, кӯмакпулиҳои яквақта дода хоҳад шуд.

“Дар асоси қарори мазкур ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба миқдори 2000 сомонӣ кӯмакпулии яквақта дастрас карда хоҳад шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин ба шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ҳамчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо яке аз медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” сарфароз гардидаанд, ба миқдори 1500 сомонӣ кӯмакпулӣ дода хоҳад шуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки ҳамин тавр, ба 73 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва 3 нафар ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида 152 000 сомонӣ ва ба 368 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо 552 000 сомонӣ, дар маҷмуъ 704 000 сомонӣ кӯпакпулӣ тақдим мегардад.

Барчаспҳо:
собиқадорони ҶБВ, пешниҳоди кӯмакпулӣ, ҶБВ, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ