07:39 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15

Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд барқарор шуд

© Филиал "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" в РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
278 0 0

Ширкати IRS эълон намудааст, ки айни ҳол ҳаракат аз самти Айнӣ ба Душанбе барқарор шудааст

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти  Ширкати IRS  дар роҳи Душанбе –Хуҷанд ҳаракати воситаҳои нақлиёт барқарор карда шуд.

Тавре манбаъ иттило долдааст, чанд лаҳза пеш, баъд аз бартараф намудани куҳпораи азими субҳи имрӯз дар километри 119 лағжида ҳаракати воситаҳои нақлиёт иҷозат дода шуд.

“Ҳоло ҳаракат аз самти Айнӣ ба Душанбе ҷараён дошта, пас аз чанде аз ҷониби Душанбе ба самти Хуҷанд низ роҳандозӣ мешавад”, - таъкид намудаааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, субҳи имрӯз хабар додааст, ки дар километри 119- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши кӯҳпораи азим ба амал омада буд.

Масъулини ширкати IRS  эълон карда буданд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса қитъаи зикршудаи роҳ фурӯ рафта, бино ба гуфти мутахассисон онро аз нав бунёд кардан лозим аст.

Сход оползня на автодороге Душанбе-Худжанд

“Аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳолат кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидор ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, бартарафсозии кӯҳпора идома дорад”, - қайд намуда буд  Ширкати IRS .

Масъулини ширкат хабар дода буданд, ки ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуда, барои ҳарчи зудтар барқарор намудани рафтуомади воситаҳои нақлиёт чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.


Барчаспҳо:
заминлағжиш, роҳ, барқароршавӣ, ҳаракат, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ