10:11 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Общественный транспорт в Душанбе, архивное фото

Шаҳрдорӣ овозаҳои болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятиии пойтахтро рад кард

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
489 0 0

Абдумаҷид Ҳакимзода сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, таъкид кард, ки хабарҳоро дар бораи болоравии нархи пардохти ҳакқи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе асос надорад

ДУШАНБЕ, 2 мая – Sputnik.  Шаҳрдории шаҳри Душанбе овозаҳоеро, ки тайи чанд рӯз ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ  доир  ба  боло  рафтани  нархи   пардохти ҳакқи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе  мечархад, қатъиян рад кард, иттилоъ додааст хабаргузории "Ховар" дар истинод ба Абдумаҷид Ҳакимзода,  сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

 Манбаъ таъкид намудааст, ки овозаҳо дар бораи боло рафтани нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии  пойтахт ягон асос надошта, ояндаи наздик низ гароншавии он, на дар автобусу троллейбусҳо ва на микроавтобусҳо  пешбинӣ нашудааст. 

Номбурда қайд намудааст, ки ба ҳисоби миёна ҳар субҳ аз корхонаҳои коммуналӣ ва нақлиётии пойтахт 280 автобус, зиёда аз 60 троллейбус ва 1400 адад микроавтобусҳо ба кор баромада, ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе   нархи роҳкиро дар пойтахт   дар автобус 1 сомониву 20 дирам, троллейбус 1 сомонӣ ва микроавтобусҳо 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
автобус, нарх, болоравӣ, пардохти роҳкиро, роҳкиро, душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ